Мо бар онем ки дар мулк адолат бошад www.Shoir.Tj (исполнитель: Афзалшо Шодиев)

Мо бар онем, ки дар мулк адолат бошад.
Мо бар онем ки хам оя, хам оят бошад.

Кори мо нест факат сохтани хомаи гил, 
Кори мо ин, ки дар он хома мухаббат бошад.

Кори мо нест факат коштани тухме чанд,
Кори мо ин, дар он кишт садокат бошад.

Кори мо нест факат лофу газоф аз вахдат,
Кори мо ин, ки ба вахдат абадият бошад.

Кори мо нест факат сохтани пайкарае,
Кори мо ин, ки дар он пайкара миллат бошад.

Кори мо нест факат ёди Бухорои шариф,
Кори мо ин, ки зи мо низ шарофат бошад.

Кори мо нест факат ёди Самарканди чу канд,
Кори мо ин, ки Самарканд асолат бошад.

На бар инем, ки ислом нишинад бар тахт,
Мо бар онем, ки ислом саломат бошад.
Послушать/Cкачать эту песню
Mp3 320kbps на стороннем сайте

Открытка с текстом :
Удобно отправить или распечатать
Создать открытку
У нас недавно искали песни:
Марика  Сын погиб в плену очень грустная песня о вайне  ANUSHIK ALAVERDYAN  Demet  Keepers Of Death - Тысяча Сынов  MiddleName  Авеню п 
О чем песня
Афзалшо Шодиев - Мо бар онем ки дар мулк адолат бошад www.Shoir.Tj?
2020 © Tekstovoi.Ru Тексты песен