Modar (Модар) (исполнитель: Bobojon Amonullo (Бобочони Амонулло))
Биё, ҳей модари ғамдидаи ман Қадамҳоят ба рӯи дидаи ман Биё, ҳей муттакои рӯзгорам Навозиш кун дили шӯридаи ман Модар! Худоё, дар куҷоӣ модари ман, ки бе ту холи шуд омут тари ман Намедонам хабар дори-надори, Сафедӣ зад ҳама мӯи сари ман Аё, ҳей модари ғамбар куҷоӣ? Аё, дасти навозишгар куҷоӣ? Сарам испед шуд монандӣ шират Дилам гум мезанад, модар куҷоӣ? Бигуям модар, ҳей модар садо кун Мусофир қисмати худро дуо кун Нишаста бар сари гӯри ту сармад Бихезу дарду ҷонашро даво кун