Ман ери туям (исполнитель: Далер Назаров)
Ман ёри туям, намешавам ёри касе 2x Хумор наям ба дидани ёри касе. 2x Ман бо ту шароби ишқ нӯшидаму пас, 2x Дигар нашавам ошиқи дидори касе. 2x Қади алифат хироми гарме дорад 2x Гулҳои муроди ман ба бар меорад 2x Як лаҳза нишин ки бӯсае аз рӯи ту 2x Дил мекашаду, дида чӣ шарм медорад! 2x