Отсутствует (исполнитель: Неизвестен)
Равон шуданд чор ҷавон, Ҳар чор гирифтанд камон, Онҳо шуданд пурармон. Ё мавло, ё мавло, ё мавло! Падар бигуфт ба писар: «Имрӯз накунед сафар. Сафаратон пурхатар.» Ё мавло, ё мавло, ё мавло. Модар гуфто: «Бачаҳо! Асло нестам ман ризо. Хайр! Паноҳат ба худо!» Ё мавло, ё мавло, ё мавло. Қадам заданд якбора, Тарма расид аз дара, Мулло бихонд ҷаноза. Ё мавло, ё мавло, ё мавло. Модар, ки гирья мекард, Сангҳоро бар сар мекард, Нолаи бача мекард. Ё мавло, ё мавло, ё мавло.